- барака
- I[برکه]1. ангушти шашум, ки дар дасти баъзе касон мешавад2. шахсе, ки дар яке аз дастҳояш шаш ангушт дорад3. ду дона мева ва ё сабзавоте, ки ба ҳам пайвастаанд, қӯшаII(баракат)[برکه // برکت]а1. афзоиш, зиёдатӣ, фаровонӣ, файз, футӯҳ2. фоида, нафъ; барака диҳад афзоиш ва фаровонӣ диҳад (ба тариқи дуо гуфта мешавад); барака ёфтан а) нафъ ёфтан, фоидабардор шудан, хайри кореро дидан; б) маҷ. хушбахт (саодатманд) шудан; хайру барака(т) фаровонӣ (одатан дар вақти харидуфурӯш мегӯянд, то ки моли харидааш ба харидор некиву хубӣ ва пули он ба фурӯшанда файзу фаровонӣ орад); ҳаракату баракат (мақ.) агар кӯшиш кунӣ, албатта натиҷаи матлуб ба даст меояд; барака(т) надоштани коре натиҷаи матлуб надодани коре, барор надоштани коре; баракати чизеро парондан ба фаровонии чизе халал расондан, файзу футӯҳи чизеро равондан; паридани (хайру) барака нест шудани файз
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.